Муовини вазир дар бораи фаъолияти навоварона дар кишвар нақл кард

© МИД РТВстреча по теме “Инновации и партнёрство для достижения Целей Устойчивого Развития" Таджикистане
Встреча по теме “Инновации и партнёрство для достижения Целей Устойчивого Развития Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Илёсиддин Камолиддинзода гуфт, фаъолияти навоваронаи ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба самти рушд ва тақвияти истеҳсоли молҳои содиротӣ ва воридотивазкунанда нигаронида шудааст

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, рӯзи 8 декабр, дар шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи вохӯрии солона оид ба шарҳи фаъолияти Намояндагии Хазинаи СММ дар соҳаи нуфузи аҳолӣ (UNFPA) дар Тоҷикистон дар мавзӯи "Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор" чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони як қатор вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ Зумрад Абдуллозода ва сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Анварҷон Ализода ширкат намуданд.

Таҷҳизоти ҷадиду муосир ва АК-и зериобӣ- навоварӣ дар таслиҳоти Русия

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Илёсиддин Камолиддинзода оғоз намуд.

Ӯ гуфт, ки фаъолияти инноватсионии ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба самти рушд ва тақвияти истеҳсоли молҳои содиротӣ ва молҳои воридотивазкунанда нигаронида шудааст.

"Яке аз роҳҳои рушди фаъолияти инноватсионии кишвар, ин рушди минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва аз ин хотир дар кишвар 4 минтақаи озоди иқтисодӣ — "Суғд", "Данғара", "Панҷ" ва "Ишкошим" таъсис дода шудаанд", — гуфт Камолиддинзода.

Дар ин дидор мавзӯъҳои нуфузи аҳолӣ, ташаббусҳои якҷоя оид ба дастгирии барномаҳои танзим, банақшагирии оила ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, қаноатбахшии эҳтиёҷоти занони деҳот, пешгирии бемориҳои сирояткунанда муҳокима шуданд.

Лентаи хабарҳо
0