Таҷҳизоти ҷадиду муосир ва АК-и зериобӣ- навоварӣ дар таслиҳоти Русия

Обуна шудан
Нусхаи содиротии таҷҳизоти "Ратник" ва тамғаи такмилшудаи мусалсал (АК)-ро намояндагони тавлидотии Русия дар намоишгоҳи саноати мудофиа "IDEX-2015" дар Абу-Даби ба маъраз гузоштанд.

Намоишгоҳи саноати ҳарбӣ (мудофиавӣ) IDEX-2015 дар Абу-Даби (АМА) бо ҳузури 1000 ширкат аз 52 кишвари олам 22 феврал оғоз гардида, то 26 идома меёбад. Тавлидоти низомии Русияро (737 осори намоишӣ, ки 100-тои он намуна ҳаст)  21 ташкилот, аз қабили "Рособоронэкспорт", корпоратсияи илмӣ-истеҳсолии "Уралвагонзавод", консерн ВКО "Алмаз-Антей", иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии "Сплав", СҒД "Базалт" ва ғ. муаррифӣ менамоянд.

IDEX (International Defence Exhibition) — намоишгоҳи байналмилалии силоҳ ва техникаи низомӣ аст, ки дар ду сол як маротиба дар пойтахти АМА- шаҳрри Абу-Даби шурӯъ аз соли 1993 баргузор мегардад.Соли 2009 дар IDEX дар ҳаҷми 16,8 миллиарда дирҳам (қариб 4,6 миллиард доллар) шартномаҳо ба имзо расида буданд. Ба ин сабаб, унвони "Беҳтарин шоуи тиҷоратӣ"-и Ховари Наздикро соҳиб гардид.

 

 

Лентаи хабарҳо
0