ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар бозори "Сафариён"-и Душанбе 740 кг сметанаи ба саломатӣ хатарнок мусодира шуд, гузориш медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи ҶТ.
Бино бар гузориши манбаъ, кормандони милитсия ҳангоми тафтишот дар ҳудуди бозори "Сафариён"-и ноҳияи Сино соҳибкор, марди 41-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони фиреби истеъмолкунандагон дастгир намуданд. Аз номбурда зарфҳои пласмасӣ, ки дар дохилашон 740 кг маҳсулоти ширии навъи "Сметана" буд, мусодира карда шуд.
Гуфта мешавад, мувофиқи маълумотномаи Маркази агентии "Тоҷикстандарт" таҳти №5028 аз 29-уми ноябри соли 2017, маҳсулоти ширии мусодирагардида ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёри хурокворӣ мутобиқат накарда, истеъмоли он ба саломатии инсон хатарнок мебошад.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар бозори "Меҳргон" ва назди "Боғи ҳайвонот"-и пойтахт низ сметанаҳои ба саломатии инсон хатарнокро ба фурӯш баровардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.