Россотрудничество дар Хуҷанд ҳам марказ бунёд мекунад

© Sputnik / Стас ЭтвешГостиница Бахористом в городе Худжанд, архивное фото
Гостиница Бахористом в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони федеролии Русия дар умури кишварҳои ҳамсуд, ҳаммеҳанони бурунмарзӣ ва ҳамкориҳои банйналмилалии гуманитарӣ ё "Россотрудничество" дар шаҳри Хуҷанд Маркази илму фарҳанги Русияро бунёд мекунад

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Маркази илму фарҳанги Русия дар Хуҷанд 30 ноябр дарҳояшро ба рӯи корафтодагон боз мекунад.

Ин бунгоҳ шаҳрвандони Тоҷикистонро аз дастовардҳои илмиву фарҳангиву иқтисодии Русия огоҳ хоҳад кард.

Роҳандозии намояндагии Маркази илму фарҳанги Русия дар Хуҷанд гоме баланд дар роҳи густариши ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар заминаҳои илмӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ ва ҳуманитарӣ хоҳад буд.

Ҷолиб аст, ки ин намояндагӣ дар ҷараёни "Соли ҷавонон" дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Ин марказ бо дастгоҳу корафзорҳои лозим муҷаҳҳаз буда ва дорои утоқҳои роёна, китобхона, бозигоҳи кӯдакон ва толори барномаҳои расмӣ аст.

Выставка-ярмарка Российское образование Душанбе - 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Бехабар намонед: Россотрудничество дар Душанбе намошгоҳи омӯзишӣ баргузор мекунад

Дар ин бунгоҳ ҳамчунин маркази равишшинохтии омӯзиши забони русӣ ва якчанд ҳунаркада дар риштаҳои ҳунариву фарҳангии гуногун ҷой дошта ва дар он намоишгоҳҳо, ҳамоишҳо, мизи гирдҳо ва дигар барномаҳои фарҳангиву ҳунарӣ баргузор карда хоҳанд шуд.

Дар маросими ифтитоҳи ин бунгоҳ сарпарасти "Россторудничество" Алексей Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, сарконсули Русия дар Хуҷанд Валерий Бондаренко, раиси Идораи умури кишвварҳои ҳамсуд дар Россотрудничество Сергей Маленко, раҳбари намояндагии Россотрудничество дар ҶТ Михаил Вождаев, раҳбари Маркази илму фарҳанги Русия дар Хуҷанд Иван Иванов, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, шаҳрдори Хуҷанд, устодони донишгоҳҳо, фарҳангиён ва намоядагони расонаҳои тоҷикӣ ва русӣ ширкат хоҳанд кард.  

Лентаи хабарҳо
0