The best: Криштиану Роналду барандаи "Тӯби тиллоӣ" шуд

© AP / Franck FaugereКриштиану Рональдо держит Золотой мяч, который он получил в четверг 7 декабря 2017 года в Париже
Криштиану Рональдо держит Золотой мяч, который он получил в четверг 7 декабря 2017 года в Париже - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамлагари "Реал"-и Мадрид ва мунтахаби Португалия Криштиану роналду барои панҷумин бор дорандаи "Тӯби тиллоӣ" шуд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" ҳамасола ба беҳтарин футболбози сол аз ҷониби рӯзномаи France Football, дода мешавад.

Криштиану Роналду барои панҷумин бор барандаи "Тӯби тиллоӣ" шуд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки маросими ҷоизасупорӣ рӯзи панҷшанбе дар Порис баргузор шудааст.

Барои "Тӯби тиллоӣ" ва унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2017-30 бозигар довталаб буд. Бар асоси раъйдиҳӣ ҳамлагари "Барселона"-и Испания Лионел Мессии аргентинӣ мақоми дувум, ҳамлагари бошгоҳи ПСЖ-и Фаронса Неймари бразилиягӣ ҷои севум, дарвозабони "Ювентус"-и Италия Ҷонлуиҷи Буффон мақоми чаҳорум ва нимҳимоятгари "Реал"-и Испания Лука Модричи хорватиягӣ мақоми панҷумро касб карданд.

Криштиану Роналду - Sputnik Тоҷикистон
Криштиану Роналду рӯзи ҷашни домодияшро эълом кард

Роналду моҳи октябр аз ҷониби ФИФА барои бори панҷум дар таърихи фаъолияти варзишии худ беҳтарин футболбоз шинохта шуд. Пештар ӯ "Тӯби тиллоӣ"-ро солҳои 2008, 2013, 2014 ва 2016 аз худ карда буд. Дар ҳамин ҳол Криштиану аз ҷиҳати гирифтани "Тӯби тиллоӣ" ба Месси баробар шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки як варзишкори ҷавони тоҷик ба орӯзи деринааш — дидор бо Криштиану Роналду ва гирифтани соядаст аз ӯ расид.

Лентаи хабарҳо
0