ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Футболбози 31-сола Криштиану Роналду бо Ҷорҷинӣ Родригеси 27-сола ақди ҳамсарӣ хоҳад баст.
Футболбози дастаҳои мунтахаби Португалия ва "Реал" Мадрид Криштиану Роналду бо мудели испониёӣ Ҷорҷинӣ Родригес издивоҷ мекунад.
Дар ин бора Р-Спорт бо такя ба рӯзномаи Correio de Manha хабар медиҳад.
Ҷашни арӯсиву домодии Ҷорҷинӣ ва Криштиану пас аз Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2018 — дар моҳи август баргузор хоҳад шуд.
Ёдоварӣ мекунем, ки 12 ноябри соли равон Криштиану барои бори чаҳорум фазанддор шуд. Ин бор Родригес аз Криштиану духтарча ба дунё овард. Ин ҷуфт духтарашонро Алана Мартина номид.
Ин футболбози номӣ он замон дар сафҳаи Instagramаш навишта буд: "Алана Мартина ба дунё омад. Модару духтар саломатанд! Мо хеле хушбахтем".