Афғонистон аз Русия ёрӣ хост то ДОИШ-ро саркӯб кунад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкСоветник президента Афганистана по национальной безопасности Ханиф Атмар, архивное фото
Советник президента Афганистана по национальной безопасности Ханиф Атмар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар дидори дабири Шурои амнияти Русия Николай Патрушев ва мушовири амниятии раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммадҳаниф Атмар бар ҳамкории ду кишвар дар мубориза бо ДОИШ таъкид шуд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар ин дидор, ки имрӯз дар Маскав баргузор шуд, Николай Патрушев ва Муҳаммадҳаниф Атмар роҳу чораҳои густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои амниятӣ, мубориза бо теруризм ва ҳамкориҳои фаннӣ — низомиро баҳсу баррасӣ карданд.

Афганистан, Кабул, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муовини раисҷумҳур: Афғонистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пуштибонӣ сипосгузор аст

Дафтари дабири Шурои амнияти Русия эълом карда, ки пештар ду кишвар дар мавзуъҳои густариши равобити иқтисодӣ, низомӣ ва мубориза бо теруризм ба тавофуқоте расида буданд ва дар ин дидор заминаи иҷроии онҳо низ баррасӣ шуд.

Атмар дар ин дидор хостори ройзании раҳбарони созмонҳои амниятиву иттилоъотии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.

"Мубориза бо теруризм ва қочоқи маводи мухаддирро наметавон бе ҳамкории созмонҳои иттилоъотӣ амалӣ кард. Мо чунин ҳамкориеро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам чандҷониба пешниҳод додем", — гуфт вай пас аз дидор бо Патрушев.

Ба гуфти ӯ, Кобул ҳамчунин хостори баргузории ҳамоиши раҳбарони созмонҳои амниятиву иттилоъотӣ ё дар Афғонистон, ё дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст то ин масоилро баҳсу баррасӣ кунанд.

"Оқои Патрушев ва дигар ширкаткунандагон дар ин ҷаласа аз ин пешниҳод истиқбол карданд. Қарор шуд, ки мо ин пешниҳодро ба сурати катбӣ ироя диҳем то ҷузъиёташ баррасӣ шавад. Ин иқдом ҳануз дар мароиҳи оғозинаш аст, вале Афғонистон омода аст дар ин замина ҳамкорӣ кунад", — тавзеҳ дод Атмар.

Вай ҳамчунин афзуд, ки "Афғонистон иттилоъоти муҳимме дар бораи фаъолияти теруристҳо ва роҳу равишҳои сарбозгириву баргузории амалиёти интиҳорияшон дар ихтиёри созмонҳои амниятии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор додааст".

Чанде пеш Муҳаммадашраф Ҳайдарӣ, раиси Идораи умури сиёсӣ ва барономарезии роҳбурдии ВУХ Афғонистон, дар сафараш ба Маскав аз давлати Русия хоҳони кумакҳои низомӣ, ирояи хадамоти таъмиру нигаҳдории ҷангафзорҳо ва омӯзиши кормандони нерӯҳои низомӣ ва интизомӣ шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0