ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар ин фасли варзишӣ яке аз номдортарин ҷудокорони тоҷик Комроншоҳ Устопириён натиҷаҳои хубе ба даст овард.
Дар мавсими имсолаи варзишӣ Комроншоҳ Устопириён дар сабқатҳои байналмилалии бисёре ширкат кардааст.
Чунончӣ, варзишкор дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Будапешт дар вазни 90 кг ба сабқат баромад. Мутаасифона, ин ширкат барояш бебарор анҷом ёфт. Вай аз варзишкори маҷористонӣ Кристиану Тоту шикаст хӯрд.
"Дар Қаҳрамонии ҷаҳон ҳам ҳоло муваффақ нестам. Аммо ман руҳафтода намешавам, барои сабқат дар сатҳи байналмилалӣ ман бояд бештар тамрину машқ кунам. Ҳоло нақшаҳои зиёд дорам ва аз ҳар як сабқате, ки дар он ширкат варзидаам барои худ таҷрибае мегирам", — гуфт варзишкор.
Фасли варзишии соли 2017 бо як сабқат ба анҷом нарасидааст. Комроншоҳ дар чемпионати ҷумҳурӣ ҳам дар вазни 90 кг ширкат кард ва қаҳрамон шуд.
Ҳамчунин варзишкор имсол дар сабқати Аsian Championships Seniors 2017 низ ширкат кард, ки яке аз сабқатҳои муҳими сол шумурда мешавад. Дар ин мусобиқа варзишкори тоҷик бар ҳарифи қазоқаш Ислом Бозбоев пирӯз шуду медали тилло ба даст овард. Ва бо ҳамин роҳ Комроншоҳ қаҳрамони дукаратаи Осиё шуд.
Афзун бар ин ӯ дар Ҷоми ҷудои Урупо дар Минск медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин сабқат вай бар варзишкори белорусӣ Виктор Клявусау ва русӣ Александр Федосов пирӯз шуд, аммо аз ҷудокори исроилӣ Ли Кошману шикаст хӯрд. Ӯ ду ҳарифи дигараршро ҳам мағлуб карду медали биринҷӣ ба даст овард. Ҳамчунин вай дар силсилаи Ҷоизаи бузург (Гран-при) дар Туркия соҳиби медали нуқра шуд. Дар давраи ниҳоӣ варзишкор аз ҳарифи муғулаш Алтанбаган Гантулга шикаст хӯрд.
Комроншонҳ дар Ҷоизаи бузурги ҷудо дар Тошканд ҳам муваффақ буд. Дар ин мусобиқот ӯ дар набарде тулонӣ варзишкори узбак Дилшод Чориевро ҳам шикаст дод.
Ин варзишкори тоҷик то кунун аз сабқатҳои ҷаҳон даҳ медал ба даст овардааст. Ӯ ду бор қаҳрамони Осиё шуда ва як медали биринҷӣ, як тилло, ду нуқра ва ду медали нуқра аз сабқати Грна-При, ду нуқра аз Ҷоми Осиё ва як медали бириҷии Ҷоми Урупо дорад.
"Имсол бароям соли пурбарор буд. Барои бобарор паси сар кардани сабқатҳо ман бо мураббиёнам заҳмати зиёд кашидем. Бо мураббии дигаре машқ карданро сар кардам- Ваҳид Сарлак ном дорад ва дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ҳамчунин Фаридун Устопириён ҳам мурабии ман аст. Сарлак роҳнамои хуб аст. Вай варзишкори эрониест, ки дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ман бо вай чанде пеш ошно шуда будам. Албатта, барои ноил шудан ба дастовардҳои бкештар кӯшиш хоҳам кард. Сабқатҳои бонуфуз дар пеш ҳастанд, муҳим он ки бояд омодагии хуб дид. Ҳоло ҳама фикрам дар машқ кардан аст. Кӯшиш мекунам, ки дар сабқатҳо муваффақ шавам", — мегӯяд худи Комроншоҳ.
Комроншоҳ Устопириён 7-уми январи соли 1993 дар Кӯҳистони Масчо ба дунё омадааст. Ӯ дар соли 2015 факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. Аз соли 2012 машқи ҷудо мекунад. Пештар самбо ҳам машқ мекард. Мураббии аввалаш падараш Усто Устопиров аст. Вай ҳамчунин бо ду мураббии дигар Фаридун Устопириён ва Владимир Елчанинов машқ кардааст.