ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи гузашта, 5 октябр дар шаҳри Ваҳдат сабқат оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар даври ниҳоӣ Саидҷалол Саидов паҳлавони дигари шинохтаи тоҷик-Комроншоҳи Устопириёнро шикаст дода соҳиби Ҷоми раисҷумҳур шуд.
Саидҷамол Алимардонов аз Тоҷикистон ва Шаҳриёр Идрисов аз Қирғизистон мақоми сеюми мусобиқаро касб карданд. Манбаъ мегӯяд, ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал ва диплом бо мукофоти пулӣ қадр шудаанд.
"Барои ҷойи аввал 56 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 32 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 16 ҳазор сомонӣ", — омадааст дар хабарнома.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони 17 давлат – Арманистон, Афғонистон, Беларус, Британияи Кабир, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Олмон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Украина, Ҳолланд, Ҳиндустон, Ҷопон ва ШМА дар вазни —90 кг рақобат карданд.
Панҷумин мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми ҷудои раисҷумҳури Тоҷикистон дар вазни 90 кг дирӯз дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки ин панҷумин бор аст, ки дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми ҷудои Раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар нахустин мусобиқа, ки дар соли 2013 баргузор шуда буд, дар вазни —81 кг Виталий Дудчик аз Укроин пирӯз шуда буд. Ҷои дувумро Фарҳод Раҳимов аз Тоҷикистон, ҷои севумро Сергей Терешенко аз Белорус сазовор шуда буданд. Дар вазни мутлақ Ислом Шаҳобӣ аз Миср бар ҳама пирӯз шуда буд. Медоли нуқра насиби Муҳаммад Абдураҳмонов ва медолҳои биринҷӣ насиби Парвиз Собиров ва Фурқат Назриев (ҳар се аз Тоҷикистон) шуданд.
Дар дувумин мусобиҷа дар соли 2014 Муҳаммад Абдураҳмонов аз Тоҷикистон пирӯз гашт. Зиёратшо Баротов медоли нуқра, Ҷавод Маҳҷуб аз Эрон ва Саидҷалол Саидов аз Тоҷикистон медолҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар севумин Ҷоми ҷудои кишвардори Тоҷикистон 40 варзишкор аз 13 кишвар ширкат карданд. Ҷои аввалро ин бор низ Муҳаммад Абдураҳмонов гирифт. Ҷои дувум насиби Александр Ваховяк аз Белорус, ҷои севум насиби Фирдавс Насимов аз Тоҷикистон ва Энди Алварес аз Куба гардид.
Чаҳорумин мусобиқа соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд. Дар он 45 варзишкор аз 15 кишвар: Афғонистон, Белорус, Италия, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Озарбойҷон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Укроин, Ҷопон ва Эрон ширкат намуданд. Станислав Бондаренко аз Укроин соҳиби ҷом шуд. Ҷои дувумро Алекс Гарсия Мендоза аз Куба, ҷои севумро Муҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев аз Узбакистон гирифтанд. Барандаи Ҷом ҳамчунин 56 ҳазор сомонӣ ҷоизаи нақдӣ дарёфт кард. Барои барандаҳои ҷои дувум ва севум 32 ва 16 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.