Вазорати умури хориҷии Русия: ҳамчунон Қудси Шарқиро пойтахти Фаластин медонем

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкЗдание МИД РФ, архивное фото.
Здание МИД РФ, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Русия аз тасмими Трамп барои расман пойтахти Исроил шинохтани Байтулмуқаддас ва интиқоли сафорати Амрико ба ин шаҳр нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Русия бо интишори эъломияе аз тасмимгирии якҷонибаи раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп барои расман пойтахти Исроил шинохтани Уршалим нигаронӣ кард.

ВУХ Русия дар ин эъломия иқдоми раисҷумҳури Амрикоро маҳкум карда ва эълом намуда, ки ҳамчунон Қудси шарқиро пойтахти давлати Фаластин ва Қудси ғарбиро пойтахти давлати Исроил медонад.

Ин ниҳод таъкид кард, ки иқдоми Вашингтон ба музокироти сулҳ миёни фаластиниҳо ва исроилиҳо латма ворид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Амрико дишаб дар суханронӣ дар Кохи Сафед эълом кард, Амрико расман Қудсро пойтахти Исроил мешиносад ва бедиранг сафораташро аз Тел-Авив ба ин шаҳр хоҳад бурд.

Лентаи хабарҳо
0