ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар раванди амалиёти "Кӯкнор — 2017", ки аз 20 май то 30 октябр баргузор шуд, 3,3 тонна маводи мухаддир ёфтаву мусодира шудааст.
Ба гузориши ТоҷикТА ба нақл аз маркази равобити умумии Ожонси назорати маводи мухаддири Тоҷикистон, рӯзи гузашта дар ин ожонс аз ин амалиёт натиҷагирӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки амалиёти думарҳилаии "Кӯкнор — 2017" бо ҳадафи кашф ва аз байн бурдани киштзорҳои маводи мухаддир ва кашфу ҷилавгирӣ аз қочоқи мухаддирот дар дохили кишвар баргузор шуд.
Барои дар сатҳи зарурӣ анҷом ёфтани ин амалиёт дар кулли манотиқи кишвар посгоҳҳо бунёд шуда ва дар масирҳои аслии қочоқи маводи мухаддир гурӯҳҳои зудвокуниш гузошта шуданд.
Дар паи баргузории ин амалиёт дар қаламрави кишвар 3 тоннаву 292 килограмму 762 грамм маводи мухаддир, аз ҷумла 33 кг 473 г ҳеруин, 656 кг 516 гр афюнЮ 2 тоннаву 74 кг 432 гр ҳашиш ва 528 кг 34 гр бангдона, ёфтаву мусодира шудааст.
Дар чорчӯби амалиёт бо ҳадафи пешгириӣ аз густариши нашъамандӣ ё эътиёд дар миёни мардум чораҳои фарҳангӣ, варзишӣ, беҳсозӣ ва тавзеҳдиҳӣ баргузор карда шуд.