ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон бо қарори маҷлиси намояндагони кишвар ташкили ҳизбҳои динӣ қонунан мамнуъ шуд. Дар бора хабаргузории ТоҷикТА гузориш медиҳад.
"Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонун "Дар бораи Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар ҶТ" тағйирот ворид кард ва расман ташкили ҳизбҳои диниро дар кишвар мамнуъ кард. Афзун бар ин, мувофиқи тағйироти воридшуда, маълумоти диниро танҳо метавон дар муассисаҳои давлатӣ гирифт",- мегӯяд яке аз вакилони маҷлис.
Ба гуфтаи Ҷаббор Аҳмадов- вакили маҷлиси намояндагон, мувофиқи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур нақши муҳими Ҳукумат дар сиёсати динӣ ба назар гирифта шудааст. Афзун бар ин, ба раисони шаҳру навоҳиҳои кишвар дастур дода шудааст, ки масҷидҳои маҳаллӣ ба номи тоҷирон гузошта нашаванд. Масҷид бояд ба номи шахсиятҳои маъруфи Ислом гузошта шаванд.