Садама дар нақби Шаҳристон: ду тан кушта ва се тан маҷрӯҳ шуданд

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамчунин дар садамаи мазкур як кӯдаки 6-сола ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол дода шудааст

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар натиҷаи садама дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дар нақби Шаҳристон ду тан ҳалок шуда, се каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ин ҳодисаи нохуш рӯзи гузашта тахминан соати 17:30 рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Шамсималик Умарови 47-сола сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, дар дохили нақби Шаҳристон, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи "Дулан", таҳти идораи Давлат Хуҷанапасови 23-сола сокини ш.Кӯлоб, ки дар дохили нақби мазкур дар ҳолати корношоям қарор дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Холбибӣ Латифова соли таваллудаш 1949,  ва  Бурҳон Муҳаммадиев соли таваллудаш 1982, сокинони деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ, ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" ва мусофирони дигар  Мавлон Муҳаммадиев, соли таваллудаш 1960 ва кудаки 6-сола сокинони деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0