Путин гуфт, ки дар интихоботи соли 2018 ширкат мекунад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин, архивное фото
Президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интихоботи президентии навбатӣ дар Русия 18-уми марти соли 2018 баргузор мешавад. Гурӯҳи интихоботӣ аллакай аз моҳи декабри соли равон кори худро сар мекунад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин эълон кард, ки мехоҳад дар интихоботи раисҷумҳурии соли 2018 номзадиашро пешниҳод кунад. Дар ин бора рӯзи гузашта хабаргузории РИА Новости иттилоъ дод.

"Ман номзадиамро ба мансаби раисҷумҳури Русия пешниҳод хоҳам кард",- гуфт Путин ҳангоми мулоқот бо кормандони ширкати ГАЗ.

Ин суолро рӯзи гузашта дар рафти форуми "Доброволец"  ҳам ба Путин дода буданд. Дар посух раисҷумҳур гуфт, ҳар нафар барои ширкат дар интихобот бояд масъулиятнокии калонро ба дӯш гирад ва эълон кард, ки ба наздикӣ қарори дахлдорро қабул хоҳад кард.

Владимир Путин бори аввал моҳи марти соли 2000-ум раисҷумҳури Русия интихоб шуда, соли 2004 бори дигар дар интихобот пирӯз шуд. Ӯ аз соли 2008 то соли 2012 раиси Ҳукумат буд ва соли 2012 бори дигар роҳбари давлат шуд.

Моҳҳои охир аз раисҷумҳур дар бораи ширкаташ дар интихобот чанд маротиба пурсида буданд, аммо вай дар посух мегуфт, то ҳол қарори дахлдорро қабул накардааст.

Интихоботи президентии навбатӣ дар Русия 18-уми марти соли 2018 баргузор мешавад. Гурӯҳи интихоботӣ аллакай аз моҳи декабри соли 2017 кори худро сар мекунад.

Лентаи хабарҳо
0