ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон ба даври ниҳоии Озмуни байнулмилалӣ аз фанни забони русӣ роҳхат гирифтанд.
Беш аз 150 донишомӯз аз 28 кишвари дунё дар даври ниҳоии XV-умин олимпиадаи байнулмилалӣ дар Маскав ҷамъ шуданд. Озмун дар Донишкадаи ба номи А.С. Пушкин аз 4 то 8-уми декабар баргузор мешавад.
"Ин озмун барои ҳифзи забони русӣ дар тамоми ҷаҳон муҳим аст. Талабот ба забони русӣ бузург аст. Соли 2012 мо портали омӯзишии "Образование на русском"-ро созмон додем. То кунун дар ин макон 1 миллиону 148 ҳазор аъзо донишомӯзӣ мекунанд. Барои нафароне, ки дар мактаби ғайри забони русӣ таҳсил мекунанд, истифода аз чунин созмонҳои электронӣ муҳим аст. Аз ин рӯ мо бо суръат рушд карда истодаем", — гуфт муовини раис Олга Голодетс, зимни маросими оғози озмун.
Ба даври ниҳоӣ намояндагони Австрия, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Булғористон, Венгрия, Исроил, Итолиё, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Муғулистон, Полша, Руминия, Сербия, Словакия, Словения, ИМА, Тоҷикистон, Украина, Черногория, Лаҳистон, Эстония ва Осетияи Ҷанубӣ ширкат мекунанд.
Донишгоҳи забони русии ба номи А.С. Пушкин оғоз аз соли 1972, 45-ум сол боз чунин олимпиада доир мекунад. Олимпиада аз чанд давр иборат аст: даври интихобӣ ва даври нимниҳоӣ тариқи интернет дар торномаи "Образование на русском", гузашта даври ниҳоӣ дар шаҳри Маскав барнгузор мешавад.