ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik, Лев Рижков. Донишомӯзони тоҷик Манижа Тошболтаева ва Ёсуман Исмонзодаро дар ҳама кишварҳои пасошуравӣ аз барномаи шабакаи "Россия 1" "Удивительные люди" мешиносанд.
Хабарнигори Sputnik бо ин духтарони номдор дар сафорати Тоҷикистон дар Русия дидор кард.
Бо худ гармӣ оварданд
Духтарон шомгоҳон ба сафорат расиданд. Иттифоқан, омаданашон ҳам ҳайратангез буд. Як рӯз пеш аз омаданашон ҳаво чунон сард шуда буд, ки гӯё дар манотиқи марказии Русия зимистон фаро расида бошад. Вале он рӯз ҳаво ғайричашмдошт чунон гарм шуд, ки гӯё поёни тобистон бошад.
Он шом хомӯшии кӯшки сафоратро садои шӯхиву хандаи кӯдакон пур кард. Кӯдакон, ки тоза аз фурудгоҳ расидаанд, ҳеч нишонае аз хастагӣ аз парвози чандсоата надоранд. Баръакс, энержиашон ҳасудии касро меорад.
"Шумо шояд хаста шудаед?— пурсидам аз раҳбари кӯдакон. "На, аслан!" — хандакунон мегӯяд вай. "Хунук нахӯрдед?" — боз кунҷковона пурсидам аз ӯ. "На, баръакс, мо барои шумо бо худ офтоб овардем, — мегӯяд ин зан. — Дирӯз инҷо боду барф буд. Аммо имрӯз ҳаво офтобист. Аммо муҳим ин аст, ки гармӣ дар дилҳо бошад".
Раҳнамои кӯдакон Виктория Коробкина ном дорад. Ӯ мудири кулли Омӯзишкадаи риёзии зеҳнӣ "Империя знаний" ва модари Манижа Тошболтаева аст, ки ҳамакнун бсиёре аз мардумон дар кишварҳои пасошуравӣ ӯро чун "духтар-радар" мешиносанд.
"Ман 20 сол боз дар заминаи омӯзишу парвариш фаъолият дорам, — мегӯяд Виктория. — Соли 2011 ман унвони "Омӯзгори соли Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро дарёфт карда будам. Ҳануз ҳамон замон ният доштам кореро оғоз кунам, ки монандашро дар Тоҷикистон касе накарда бошад. Гумон дорам, ки он тасмимамон барои ҳамкорӣ бо "Абакус-центр" дуруст буд. Корамонро 8 августи соли 2016 оғоз кардем ва дар як сол риёзии зеҳниро дар Тоҷикистон чунон густариш додем, ки нахустин натиҷаҳояшро Шумо худ шоҳид ҳастед".
Понздаҳ шогирди тезҳуши он омӯзишкада, ки 6 то 16-сола ҳастанд, ба Маскав омадаанд. Дар миёнашон пианинонавозону виолоннавозони соҳибистеъдод ҳам ҳастанд. Богдан ном писаре низ ҳамроҳашон аст, ки ҳарчанд ҳануз хурдсол аст, вале шаш бор қаҳрамони шатранҷи Тоҷикистон шудааст.
"Риёзии зеҳнӣ шохае аз илм аст, ки ҳарду нимкураи мағзи сари кӯдакро рушд медиҳад, — тавзеҳ медиҳад Виктория. — Аз 4 то 16-солагӣ мағзи инсон чун пластилин аст. Ҳарчанд бештар донишу иттилоъ воридаш кунед, ҳамон андоза боздеҳаш бештар мешавад. Дар ҳамин синн аст, ки кӯдак аз шумориши гуфторӣ ба тасвири эҷодӣ мегузарад. Ва афзун бар ин кӯдакон кор бо дасти чапро ҳам ёд мегиранд. Мо бозиҳои мантиқӣ мекунем, бозиҳо барои тамаркузи таваҷҷуҳ анҷом медиҳем ва кӯшиш мекунем, ки ҳофизаи аккосии кӯдаконро рушд диҳем".
Аксари волидон дар марҳилаи аввал ба риёзии зеҳнӣ бо нигаронӣ бархӯрд мекунанд. Вале, вақте кӯдак пас аз ду — се моҳ натиҷаи нахустинро намоиш медиҳанд, бархӯрдашон комилан дигаргун мешавад.
"Манижа духтари ман аст, — мегӯяд ӯ. Вале ӯ нахуст намехост дар омӯзишкадаамон таҳсил кунад. Ман борҳо аз ӯ хоҳишу дархост карда будам, вале духтарам то замоне, ки нахустин олимпиадамонро надид, намехост ба мо бипайвандад. Дидаҳояш дар озмун ӯро шигифтзада кард. Вале муҳимтар аз ин эҳсоси пирӯзӣ аст. Барои кӯдак ин эҳсос бисёр муҳим аст. Агар инсон худро муваффақ эҳсос кунад, дар воқеъ чунин мешавад".
Муаррифии Тоҷикистон
Ин замон сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ҳам наздамон омад. Ҳамаро ба толори пазироӣ фаро хонданд. Аз суҳбати сафир бо кӯдакон эҳсос мешавад, ки ӯ ба вундеркиндҳои кишвараш ифтихор дорад. Ӯ хеле содда мефаҳмонад, ки айни замон кишвар ба ҷавонони соҳибистеъдод ниёд дорад ва онҳо муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ ҳастанд. Замоне, ки кӯдакон барои нӯшидани чой бо ширинӣ мераванд, Сатторов бо Sputnik суҳбати кӯтоҳе мекунад.
"Албатта хуш аст, вақте ки кӯдакони мо имкон доранд ба дигар кишвар омада дар бораи худ, мардуми худ нақл кунанд, — мегӯяд сафир. — Ин чизест, ки дар айни замон камӣ мекунад. Ман фирк мекунам, ки миёни кишварҳои мо камии маълмуот вуҷуд дорад. Мо дар як фазое бо номи ИДМ ё Иттиҳоди Шӯравӣ ба сар мебарем, вале дар бораи якдигар бисёр кам медоннем".
Ба гуфти сафир бисёр муҳим аст, ки расонаҳо на фақат дар бораи ҷинояту теруризм хабар бидиҳанд.
"Бояд аз он гуфт, ки моро муттаҳид мекунад. Мо бояд аз он сухан гӯем,ки моро ба ҳам меорад. Ва мо умумияти бисёре дорем. Агар милюн шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият кунад, пас милюн риштае ҳаст, ки халқу кишварҳои моро ба ҳам мепайвандад. Ман фикр мекунам, ки ҳузури фарзандони мо дар ин росто бисёр муҳим аст. Фикр мекунам, ки аксари шаҳрвандони Русия духтатрони моро тариқи телевиизон дидиа Тоҷикистон аз нав кашф карданд".
Рози ишораҳо
Суҳбаткунон бо сафир мо назди духтарони машҳури Тоҷикистон рафтем.
Ёсуман Исмонзода духтараки ороми хоксору наҷибе аст. Ӯ нахустин бор ба дарси риёзии зеҳнӣ моҳи сентябри соли гузашта ҳамроҳи бародараш омадааст.
Онҳо дар хонавода панҷ фарзанданд. Ёсуман як бародари бузург дораду ду бародари хурд ва як хоҳар. Ба гуфти Ёсуман, худи ӯ то нахустин озмун дарак надошт, ки то чӣ андоза метавонад муваффақ шавад. Аммо акнун ӯ дорои шаш медали тилло аст.
"Ман худам ҳам намедонам, ки чӣ тавр метавонам ҳисоб кунам. Ба фикри ман ин бисёр кори осон аст, вале касе инро такрор карда наметавонад".
Пурсон мешавам, ки ҳангоми шумориш ӯ бо ангуштонаш чи ишораҳое мекунад.
Донистам, ки ин ишораҳо ҳисоби абакус будааст. Ёсуман ин рақамҳоеро барояш воруна нишон медиҳанд, дар зеҳнаш тасвир кардаву шумориш мекунад ва натиҷаи дурустро мебарорад.
Модари Ёсуман кадбону асту падараш дорусоз. Вақте духтарашонро ба барномаи шабакаи Русия даъват карданд, онҳо албатта шод шуданду вале нигаронӣ ҳам карданд. Ёсуман изҳор дошт, ки худ ҳам ҳаяҷонзада буду ҳарос дошт, ки дар барнома иштибоҳ накунад.
Ёсуман орзу дорад дар оянда иқтисоддон шавад.
Аз бомдоди зуд то дерҳангоми шом
Манижа Тошболтаева истеъдоди аҷиби табиъӣ дорад. Вай суръати ҳаракати худравҳоро дар як нигоҳ муайян намекунад, балки онро бо формула ҳисоб мекунаду натиҷаро зуд баровард мекунад. Дар умум Манижа бовар надоштааст, ки ин дар кор муваффақ мешавад.
"Ман дигар пешаеро барои худ интихоб кардаам. Чаҳор сол боз ба овозхонӣ машғулам ва робототехникаро дӯст дорам. Ман аввал намехостам, ки мағзамро машғули риёзӣ кунам, ба дарс ҳам тасодуфан даромадам. Вале акнун бе ин машғулиятам наметавонам ба сар барам".
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар оянда Манижа мехоҳад ҳунарманд шавад. Ё ҳунарпеша ё овозхон.
"Ҳангоми наворбардории барнома ман ҳаяҷонзада шудам. Наворбардории барнома берун аз студия субҳи зуд оғоз шуд. Соати 4 бомдод мо ба роҳ баромадем. Он ҷо бисёр сард буд. Ва ман бисёр тарс доштам. Хуб буд, ки модарм дар барам буду маро дастгирӣ мекард. Ба студия бошад мо шаб дер рафтем. Ман мехостам хоб кунам. Барои ҳамин дар барнома ҳаяҷон надоштам. Рӯшанӣ ба ман нигарон буд ва ман танҳо доварону муҷрии барноморо медидам. Барои ҳамин ман тарс надоштам".
Бояд гуфт, ки духтароне, ки дар саросари қаламрави пешини ИҶШС номдор шудаанд, бисёр хоксор ҳастанд. Онҳо дар назди дигар кӯдакон ҳаво намегиранд. Чаро? Чунки ҳаряк мувафаққият ин кори тасодуфӣ аст. Чун дигар кӯдакон бадтар нестанд. Дар пойтахти Русия онҳо имкон доранд истеъоди худро намоиш диҳанд. Ва чуноне мо хабар дорем ин намоиш барояшон мақоми аввал дар озмуни байнулмилалӣ анҷом ёфт.
Вундеркиндҳои Тоҷикистон борҳо боз шуморо дар ҳайрат хоҳанд гузошт. Ман инро бо боварии том мегӯям! Тоҷикистон метавонад ба онҳо ифтихор кунад.