Муаллифи сериёли "Бригада": Худо боадолат нест, Ӯ меҳрубон аст

© © Sputnik / Вадим Анцупов Режиссер Александр Велединский, архивное фото
Режиссер Александр Велединский, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз муаллифони сериёли "Бригада", ҳунарманди машҳур ва коргардон Александр Велединский дар бораи қаҳрамонони имрӯзи зиндагию кино нақл кард

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Муаллифи сериёли "Бригада", коргардони филми машҳури "Географ глобус пропил" ва муаллифи чандин намоишномаҳои дигар Александр Велединский дар суҳбат бо Sputnik Эстония дар бораи нақши инсон дар зиндагӣ, ҷаҳони ботинии ӯ ва кино нақл кард.

Сериёли таърихӣ

-Сериёли "Бригада" бо тасвири дақиқи зиндагии солҳои 90-ум, ки барои бештари тамошобинон ошно аст, ба мардум таъсири амиқе гузошт. Қаҳрамонони филм ҷавононе ҳастанд, ки бо ахлоқи баланди инсонӣ ва боварии беандоза ба дӯстӣ, муҳаббат бо роҳи тақдир дар охир гурӯҳе табаҳкормешавад, ки маҷбуранд бар хилофи хоҳиши дил рафтор кунанд. Барои бархе филм дар бораи қаҳрамонони шубҳанок асту, барои қисми дигаре таърихи насле, ки бо тағйироти ҷаҳонӣ ва ивазшавии усулҳои зист бармехӯрад. Муаллиф дар асл чиро мехост намоиш бидиҳад?

— Он замон-замони шикасти таърихӣ буд ва "Бригада"-нахустин ва мумкин ягона асари бадеиест, ки ин равандро таҳлил кардааст. Мо ду моҳ қиссаро фикр кардем, ки қаҳрамонони он шахсони воқеъӣ аз гирду атрофи мо буданд. Мо табаҳкор набудем, вале ҳамаи мо бо чунин шахсон ошно будем.

Актер Сергей Безруков. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Безруков: поёни фоҷиавии "Бригада" бояд барои ҷавонон дарси ибрат бошад

Ин филмро аксарият дӯст доштанд. Бале қаҳрамонҳо дар филми Саша Белов ва Крестный отец ҳам нақш офарида буданд. Ин филмро ҳамчунин волидони нафароне, ки солҳои 90-ум ба воя расиданд хуб қабул карданд. Замоне, ки дар шабакаи НТВ филми "Бригада" ба муҳокима гмешуд, Федор Бондарчук гуфт: "Набояд аз филм гила кард. Кӯдаконро бояд тарбия кард".

Дар филм Александр Белов бо беадолатӣ рӯ ба рӯ мешаваду мегӯяд: "Ман ҷаҳонеро месозам, ки дар он адолат пойдор бошад. Вале "бо нияти нек роҳ сӯи ҷаҳаннам боз шуд" ва Саша Белов банда созмон дод. Боре қадам гузошта ту дигар имкон надорӣ ба ақиб гардӣ. Инсон қурбони ин ё он намуди система мегардад Ва ин-фоҷиа аст. Белый мегӯяд, ки маводи мухаддир намефурӯшад, одамкушӣ ва силоҳфурӯшӣ намекунад. Ӯ ҳатто барои барқарор кардани адолат қариб рафиқашро мекушад. Вале бо ҳар қадам, Белый поёнтару поёнтар афтодан мегирад. Дар охири филм бошад ҳамаи қаҳрамонҳо кушта мешавнд.

Адолат дар воқеъ нест ва ҳич гоҳ набуд. Адолат-ихтироъи иблис аст. Худо-боадолат не, балки меҳрубон аст. Кишварро бошад мутаассифона "Артурчикҳо" (Артур-соҳибкор, нахустин нақши бузурги Яна Цапника ва Каверинҳо (нақши пулис Кавелинро Андрей Панин бозӣ карда буд) забт карда буданд.

Дар ин филм лаҳзаҳои фиоҷиаовари даҳсола ба пуррагӣ намоиш дода шудааст: нахустин маблағи калон, ҳуҷуми Кохи Сафед, тиҷорат, ҷанг ва ҳукумат. Ин филми таърихӣ дар бораи кишвари мо аст. Филм бояд ба таври шавқовар сабт мешуд, то тамошобинон ҷалб шаванд. Ва ин хуб аст, чун филмҳо мо маъмулан арт-хаус ҳастанд.

-"Мо —бригада"-аз ҷониби бачаҳо чун идеали дӯстии воқеъӣ қабул шуда буд. Вале фикри фоида, чуноне маълум шуд аз дӯстӣ болотар аст. Дар зиндагии воқеъӣ аксаран инсон бо чунин ҳодиса бармехӯрад.

Лентаи киносабткунӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Мушкилкушо”-и Умед Мирзоширинов беҳтарин филми тоҷикӣ унвон шуд

— Ман дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Горкий ба воя расидам. Бачаҳои кӯча забони худро доштанд, кӯча ба кӯча ҷанг мешуд. Ҳамаи ин дар зиндагии мо буд ва мо чизи наверо ихтироъ накардаем. Шикасте, ки дар кишвар рух дод, бояд озодӣ меовард. Вале озодиро танҳо инсони боандеш метавонад дарк кунад. Одаме, ки фикр надорад озодиро афсоргусехтагӣ меиндорад.

Ё чун Саша Белый-одами боандеш, вале нафаре, ки таҳти фишори гурӯҳҳо қарор гирифту тасмими созмон додани ҷаҳони боадолатро пеша кард, вале дар охир банда ташкил кард. Гап сари масъалаи ҳалношуда аст. Ин масъала идеалӣ аст. Ман коргардон ҳастаму гоҳе идеалист ҳам ҳастам. Агар инсоният аз рӯи даҳ насиҳате, ик барои ӯ гуфта шудааст, ба сар барад, ҳамааш хуб мешавад. Вале ин номумкин аст.

-Кӯдаконе, ки имрӯз ин филмро тамошо мекунанд, мекӯшанд, чизеро барои худ муайян кунанд?

— Онҳо аллакай нигоҳи дигар доранд. Албатта система беҳтар нашуд, вале он тағйир ёфт. Ва мардум ҳам тағйир ёфтанд. Насли ҷавон "Бригада"-ро бо назари дигар тамошо мекунад. Ҳич кас акнун нақши Саша Беловро иҷро намекунад. Имрӯзҳо "Бригада"-ро чун филми таърихӣ тамошо мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0