“Мушкилкушо”-и Умед Мирзоширинов беҳтарин филми тоҷикӣ унвон шуд

© Sputnik / Артем Житенев / Гузариш ба медиабонкЛентаи киносабткунӣ. Акс аз бойгонӣ
Лентаи киносабткунӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гран-прии фестивалро филми “Чанд метри мукааб ишқ”-и коргардон Ҷамшед Маҳмудӣ, ки дар бораи ишқи гурезадухтари афғон ва писари эронӣ нақл мекунад, ба Афғонистон бурд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҷашнвораи ҳафтуми "Дидор" амҷом ёфт, хабар медиҳад торномаи ҷашнвора.

Бино ба маълумоти ташкилот имсол дар ҷашнвора 80 филм аз 13 кишвари ҷаҳон-Тоҷикистон, Русия, Олмон, Арманистон, Афғонистон, Гурҷистон, Узбакистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Монголия ба намоиш гузошта шуда буданд.

Дар даври ниҳоӣ 22 фимҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати коргардонҳои кишварҳои гуногун роҳ ёфтанд.

Ҳайати доварон аз раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, ҳунарманди театр ва кино аз Эрон Ризо Киёниён ва нависанда ва тарҷумони ҳиндустонӣ Латика Падгаонкар иборат буд.

Иштирокчиёни фестивал бо филмҳои худ барои  се ҷойи асосӣ рақобат карданд.

“Гран-при”-и филми афғонӣ дар Чин

Имсол Гран-прии фестивали "Дидор" насиби филми коргардони афғон Ҷамшед Маҳмудӣ-"Чанд метри мукааб ишқ", ки дар бораи зиндагии духтари гурезаи афғон дар Эрон ва дар бораи он, ки чӣ гуна  ҳатто дар сангинтарин шароити зиндагӣ инсон қодир ба муҳаббат ва ишқи самимӣ аст, нақл мекунад.

Доварони ҷашнвора филми "Ҳар яке"-и коргардони рус Николай Котяшро беҳтарин филми кутоҳметраж эълон карданд.

"Мушкилкушо"-и коргардон Умед Мирзоширинов бошад, беҳтарин филми тоҷикӣ унвон шуд.

Ҷоизаи мунаққидон насиби коргардонони қирғиз Бахит Мукула ва Достон Жапарнуулу бо филми "Васияти падар" гардид.

Мукофоти махсуси доварон бошад ба филми коргардони арманӣ-Ваге Геворгян "Ҷашни бузург" дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0