ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Қаландар Идибек 5 декбра устуворномаашро ба раисҷумҳур Александер Ван дер Беллен супурд.
Ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, сафир ва раисҷумҳур дар суҳбати кӯтоҳ омодагии ду кишварро барои таҳким ва густариши равобити судманд дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба изҳор карданд.
Ёдоварӣ мекунем, ки Қаландар Идибек 7 август бо фармони раисҷумҳур Раҳмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия таъйин шуда буд.
Вай 25 сентябр бо фармоне дигар ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкории Урупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена таъйин шуда буд.