ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ба гузориши хадамоти иттилоъотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, 18 — 22 ноябр сафирони нави 15 кишвар дар Душанбе рӯнавишти устуворномаҳои худро ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон хоҳанд супурд.
Сипас ин сафирҳо дар Кохи миллат бо Эмомалӣ Раҳмон дидор карда устуворномаҳояшонро ба раисҷумҳури Тоҷикистон хоҳанд супурд.
Гуфта мешавад, ки дар ин маросим сафирони фавқулода ва мухтори Олмон, Белгия, Канада, Эстония, Руминия, Мексика, Аргентина, Чилӣ, Кипр, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Индонезия, Марокаш, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Муғулистон ва Исроил ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон 11 апрел аз сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Демократии Сосиалистии Шри-Ланка, Ҷумҳурии Малӣ ва Ҷумҳурии Соҳили Оҷ (Кот-д'Ивуар) устуворнома дарёфт карда буд.