ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ, дирӯз вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода бо мудири Дафтари Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии Милали Муттахид (ЮНЕСКО) дар шаҳри Алмаато Криста Пиккат дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор дурнамои рушди ҳамкориҳо, аз ҷумла баргузории намоишҳои муштараки фарҳангӣ бо ширкати осорхонаҳои кишварҳои масири "Шоҳроҳи абрешим", интишори мақолаҳои илмӣ ва пешниҳоди ёдгориҳои торихиву фарҳангӣ барои номнавишт дар мероси фарҳангии башар баҳсу баррасӣ шуд.
Чанде пеш Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод карда буд, ки ҷашни Меҳргонро дар феҳристи мероси фарҳангии башар ва қалъаи Ҳулбукро дар феҳристи мероси моддии ҷаҳонӣ номнавис кунад.
Ин Созмон тарҳи ҷашни Меҳргонро ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии мардум тоҷик сабт карда ва онро дар соли 2019 баррасӣ хоҳад кард.
Ин тарҳро вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ва ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳамоиши умумии ЮНЕСКО дар Фаронса пешниҳод карда буданд.
Ёдоварӣ мекунем, ки соли 2016 ЮНЕСКО оши палавро расман дар Феҳристи мероси фарҳанги ғайримодӣ ворид карда буд.