ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод кардааст, ки ҷашни Меҳргон ба мероси фарҳангии башар Қалъаи Ҳулбук ҳамчун мероси моддии ҷаҳонӣ ба қайд гирад.
Бино бар иттилори манбаъ, лоиҳаҳои мазкурро вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода ва ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳамоиши умумии ЮНЕСКО дар Фаронса пешниҳод кардаанд.
Гуфта мешавад, дар ҳамоиши умумии ЮНЕСКО аз номи Ҳукумати ҶТ вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода сухан гуфт.
"Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз номи Ҳукумати кишвар сухан гуфта, дастовардҳои Тоҷикистонро дар давоми солҳои охир дар самти рушди илм, маориф, фарҳанг, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва мақоми фаъол доштани кишвар дар масъалаи об дар ҷаҳон махсус зикр намуд",- омадааст дар иттилои манбаъ.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ Оши палав расман ба Феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид гардида буд.