Кормандони гумрук дар Душанбе як телефонфурӯши қонуншиканро боздошт карданд

© ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РТИзъятие мобильных телефонов, архивное фото
Изъятие мобильных телефонов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Хадамоти гумруки ҶТ дар шаҳри Душанбе аз як қочоқфурӯш ба арзиши камобеш 30 ҳазор дулор телефони ҳамроҳ боз ситонданд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Кормандони Хадамоти гумрук дар шаҳри Душанбе аз қочоқфурӯше 92 адад телефони ҳамроҳи "Samsung Galaxy" ва "Huawei"-ро боз ситонданд.

Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазифаро иҷро накардед: Кишвардор раиси кумитаи андоз ва хадамоти гумрукро танбеҳ дод

Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии Хадамоти гумруки ҶТ, ин шаҳрванд барои фурӯхтани телефонҳои гаронбаҳо парвона ё лисензия надошт.

Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванд худрави савории "Опел"-ашро дар саҳни ҳавлии фурӯшгоҳи "Тоҷикистон" қарор дода, пинҳонӣ телефонҳои мобилии гаронарзишро дар ин фурӯшгоҳ мефурӯхтааст.

Бино ба бароварди арзёбони Шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзии Раёсати минтақаии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, арзиши гумрукии телефонҳо 251 ҳазору 262 сомониро ташкил медиҳад, ки беш аз 28 500 дулор мешавад.

Хадамоти гумрук барои бозҷӯии шароити ин қонуншиканӣ парванда оғоз кардааст.

Лентаи хабарҳо
0