ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳануз ҳам пурра бар рӯи қочоқбарони маводи мухаддир баста нашудааст, мегӯяд Андрей Серенко, коршиноси масоили сиёсии Бунгоҳи пажӯҳиши масоили Афғонистон дар Русия.
Чуноне ки пештар хабар дода будем, 2 декабр дар минтақаи посбонии посгоҳи марзии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 12 қочоқбар қасд карданд аз марзи Тоҷикистону Афғонистон қонуншиканона бигзаранд. Марзбонҳои тоҷик марзшиканонро бо оташ пешвоз гирифтанд ва миёнашон задухӯрд рух дод.
Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар ин даргирӣ 3 тан аз қочоқбарон кушта ва бақия ба Афғонистон паноҳанда шуданд. Марзбонон аз маҳалли даргирӣ 4 мил силоҳи Калашников ва беш аз 33 килуграм маводи мухаддир пайдо карданд.
Дар ин даргирӣ фармондеҳи посгоҳи марзӣ сарҳанг Хайриддин Аҳтамов кушта ва чаҳор марзбон захмӣ шуданд. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ёддоште сиёсӣ ба Афғонистон, хостори шиносоӣ ва муҷозоти омилони он шуд.
Андрей Серенко бо ишора ба ин даргирӣ гуфт, ки чунин задухӯрд дар марзи ду кишвар рухдоде истисноӣ аст, то қонунманд.
Вай бар ин бовар аст, ки қочоқбарон дар бисёре аз маворид маводи мухаддирро аз марз бо Афғонистон бе даргирӣ ва хунрезӣ мегузаронанд, вале на ҳамеша ин мавод аз қаламрави Тоҷикистон ба хориҷ мегузарад.
"Онҳо роҳу чораҳое барои гузарондани ин мавод аз марз ёфтаанд, ки солҳо боз бе даргириву задухӯрд аз он кор мегиранд. Ин роҳҳо нарху таърифае ҳам доранд, ки фурӯшандаҳои маводи мухаддир дар Афғонистон аз рӯи онҳо маводашонр нархгузорӣ мекунанд", — гуфт Серенко.
Вай эҳтимол медиҳад, ки дар ин роҳ мушкиле пеш омада ва шояд ҳам қочоқчиёни маводи мухаддир рӯи муқовимати сарҳанг Хайриддин Аҳтамов, фармондеҳи посгоҳи марзӣ ҳисоб накарда буданд, чун яке аз авомили нуфузи қочоқчиёни маводи мухаддир ба дохили хоки Тоҷикистон, вуҷуди фасоду ришвахорӣ дар миёни бархе аз афрод дар ниҳодҳоии қудрат аст.
Ахиран низ теъдоде аз кормандони ниҳодҳои интизомии ин кишвар ба иттиҳоми мушорикат дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд
Андрей Серенко ёдовар шуд, ки Идораи марзбонии Тоҷикистон рӯ ба беҳбуд ниҳода ва посбонӣ аз марз ҳам беҳтар шуда ва ҷавонони шоистае марзро нигаҳдорӣ ва спосбонӣ мекунанд.