Раҳбари "Россотрудничество": Хуҷанд ба рӯям дарвозаи ҷаҳони наверо кушод

© Sputnik / Амир ИсаевОткрытие РЦНК в Худжанде
Открытие РЦНК в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алексей Фролов, сарпарасти Созмони федеролии Русия дар умури кишварҳои ҳамсуд, ҳаммеҳанони бурунмарзӣ ва ҳамкориҳои банйналмилалии гуманитарӣ "Россотрудничество" таассуроташ аз сафар ба шаҳри Хуҷандро боз гуфт

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Ҳукумати вилояти Суғд, сарпарасти "Россотрудничество" аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва фароғатии ин шаҳри бостонӣ боздид намуда дар барномаи ситораҳои Филармонияи шаҳри Санкт-Петербург дар "Кохи Рӯдакӣ" ширкат кард.

"Осорхонаи торихӣ, Боғи Камоли Хуҷандӣ, Маҷмааи "Истиқлол", гулҳои зебову пуртароват ва муҳимтар аз ҳама мардуми кушодачеҳраву зебои шаҳри Хуҷанд маро ба ваҷд овард", — гуфтааст Фролов ба хабарнигорон.

"Ман, ки бори аввал ба шаҳри бостонии Хуҷанд омадаам, чеҳраи саршор аз лабханди пиру барнои шаҳр, хиёбонҳои тозаву ороста, мардуми орому пуртамкин, кӯчаҳои обод, хонаҳои тоза, хӯрокҳои болаззатро дидаву чашидам ва фикру зикрамро нисбати миллати тоҷик дигар намудам. Ба қадимию ориёӣ будани ин халқи кӯҳан бори дигар итминон ҳосил кардам. Шаҳри Хуҷанд барои ман дуёни наверо боз намуд. Шумо хуҷандиён бояд ифтихор кунед, ки дар чунин шаҳри зебову ором зиндагӣ ба сар мебаред", — афзудааст вай.

Гостиница Бахористом в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Россотрудничество дар Хуҷанд ҳам марказ бунёд мекунад

Ёдовар мешавем, ки 30 ноябр дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи Маркази илму фарҳанги Русия бо ширкати сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, сарпарасти "Россотрудничество" Алексей Фролов, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва меҳмонон баргузор гардид.

Дар чорчӯби ин маросим дар "Кохи Рӯдакӣ" барномаи фарҳангии ситораҳои Филармонияи шаҳри Санкт-Петербург намоиш дода шуд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0