ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дуктур Абдулло Давлатов, раҳбари пешини Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия ва пизишки муҳоҷир қазияи боздошт ва истирдоди Каромат Шариповро ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод.
Ёдовар мешавем, пештар хабар дода шуд, ки роҳбари Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шарипов боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Дуктур итминон дорад, ки дар истирдоди Каромат Шарипов кадоме аз гурӯҳҳои сиёсӣ даст доранд илова бар ин замоне расидааст, ки Каромат Шарипов "назди қонун ҷавоб гӯяд".
"Зарбулмасале ҳаст, ки мегӯянд, "хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, то ба охир меравад девор каҷ". Падарам ба ман насиҳате карда буд, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, "бо думи шер бозӣ накун", яъне бо давлат шухӣ накун мегуфт ӯ",- шоирона ба ёд меоварад Давлатов.
Ба гуфтаи дуктур, аз бархе амалҳои Роҳбари Федерсияи муҳоҷирони ИДМ Каромат Шарипов чанде аз муҳоҷирон ҳам шикоят бурда будаанд. Аммо то имрӯз ин масъала равшан нашуда буд.
"Аз ин мебарояд, ки ҳар нафаре ки даст ба ҷиноят задаст, замоне мерасад, ки ҷазои худро мегирад. Ман медонам, ки шаҳрвадони худамон ҳам замоне аз Каромат Шарипов шикоят бурдабуданд, ки дар амалҳои ғайриқонунӣ даст дорад, вале ман шигифтзада мешудам, ки агар ин тавр бошад, пас барои чӣ вай ҷазо намегирад",- қайд кард ӯ.
Аммо, Абдулло Давлатов афзуд, якбора аз шаҳрвандӣ маҳрум гардидаини роҳбари ФМ СНГ барояш ғайричашмдошт буд.
"Барои ман тааҷубовар он аст, ки барои чӣ Каромат Шарипов аз рӯйи қонунҳои амалкуандаи Русия ҷазо нагирифту якбора аз шаҳрвандӣ маҳрум гардид ва истирдод шуд. Ин мавзӯи дигарест"- таъкид мекунад вай.
Дар идома собиқ роҳбари муҳоҷирон гуфт, дар ин қазия дасти кадоме аз гурӯҳҳои сиёсиеро мебинад, ки бо кадом мақсаде мехоҳанд Каромат Шариповро аз пештар ҳам маъруфтар кунанд ва ба Тоҷикистон бар гардонанд.
"Ман дар ин қазия бозии гурӯҳҳои сиёсиеро мебинам, ки шояд ӯро бо кадом мақсаде мехоҳанд ба Тоҷикистон бар гардонанд ва аз пештар ҳам бештар муаррифӣ кунанд. Зеро ҳоло дар шабакаҳо ҳама ин қазияро баррасӣ доранд",- афзуд ҷаноби Давлатов.
Дуктури тоҷик гуфт, новобаста аз ҳама Каромат Шарипов дар байни муҳоҷирон мавқеи худро пайдо карда буд ва ӯ боварии комил дорад, ки паз аз ин қазия номи Каромат Шарипов дубора вирди забонҳо мешавад.
"Ҷабрдидаро дар ҳама ҷо дӯст медоранд",- илова кард вай.
Ёдовар мешавем, пештар қазияи боздошт ва Каромат Шариповро Иззат Амон- вакил ва ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод.
Вай гуфт, мурофиаи додгоҳии даъвои Каромат Шариповро пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд ва ӯ бо ҳамин далел дар мурофиа ширкат карда натавонист.
Вакили тоҷик афзуд,ин қазия аз он замоне сар шуд, ки Хадамоти муҳоҷиратии Русия пас аз ҳодисаҳои Бозори Люблино гузарномаи Шариповро мусодира каранд. Аммо ӯ ҳеҷ гоҳ интизор набуд, ки Каромат Шарипов боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешавад.
"Ман ҳеҷ гумон намекардам, ки Каромат Шариповро боздошт ва истирдод мекунанд. Зеро вай дар Русия панҷ фазанд, хона, ширкатҳои сохтмонӣ ва умуман хело аз асосҳои дигари қонкунӣ дорад, ки истирдод нашавад",- қайд кард ӯ.
Вай афзуд, вакили Каромат Шарипов аз қарори додгоҳ шикоят хоҳад кард, аммо вай боварӣ дорад, ки пас аз ду-се рӯ Каромат Шарипов дар Тоҷикитон мешавад.