Каромат Шарипов: тоҷикон дар ҳолати таназзул қарор доранд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкКаромат Шарипов. Акс аз бойгонӣ
Каромат Шарипов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари ҳаракати умумирусиягии “Муҳоҷирони кории тоҷик” ба президенти Тоҷикистон пешниҳоди ислоҳот карда, гуфтааст онро аз “боло” сар кардан зарур аст.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Каромат Шарипов, раҳбари ҳаракати умумирусиягии "Муҳоҷирони кории тоҷик" аз президент Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки барои пешгирии эътирозҳои ҷавонон бояд дигаргуниро аз "боло" сар кунад, омадааст дар сомонаи Ҳаракат.

"Вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф ва сиёсати муҳоҷират, ки элитаи ҳоким роҳандозӣ мекунад, ба ҳадди лозим посухгӯи ниёзҳои мардуми кишвар ва муҳоҷирин нест. Дар шароити иқтисоди бозории муосир на танҳо номаи камол ва ё диплом талаб карда мешавад, балки доштани дониши амиқ, малакаи лозими касбӣ шарти аввал аст, чун маҳз ин талаби аслии бозори корист. Бо сабаби ноогоҳии умумӣ дар сатҳи мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ ва набудани омодагии касбии ҷавонон аз Тоҷикистон онҳо маҳкум ба ғуломиву бардагӣ ва саргарм ба меҳнати каммузд мешаванд"-омадааст дар изҳороти Каромат Шарипов.

Ӯ бовар дорад, ки имрӯз тоҷикон дар ҳолати таназзулу фоҷеа қарор доранд ва сабаби инро дар шеваи нодурусти мақомдорӣ дар Тоҷикистон медонад.

"Дар Тоҷикистон касоне ҳокимият мекунанд, ки аз замони шӯравӣ боқӣ мондаанд. Ҳамзамон бо ин,  дар кишвар шакли олигархии ҳокимияти давлатӣ ҳоким аст, ки бар асоси он Тоҷикистон аз ҷониби авлод ва гурӯҳи ба он наздик идора карда мешавад ва дорои ҳадафҳои ягона мебошад. Зарур аст, ки дар кишвар ислоҳотро аз "боло" шурӯъ кунанд, то аз ҷанги шаҳрвандӣ ва эътирозҳои оммавии ҷавонон ҷилавгирӣ шавад",- омадааст дар нома.

Ба иттилои Хадамоти федералии муҳоҷират, тайи даҳ моҳи соли равон беш аз 1 миллиону 100 ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ сабти ном шудааст. Дар соли 2013 Тоҷикистон пас аз Ӯзбакистон бо гирифтани "патент" барои кори шаҳрвандонаш дар ФР дар мақоми дуввум қарор дошт. Ин рақам аз миқдори умумии иҷозаномаҳои кор 22,3 % —ро ташкил медод.

Лентаи хабарҳо
0