ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Бонки урупоии бозсозӣ ва тавсеъа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дода, ки нархи барқро барои шаҳрвандон гаронтар кунад.
Дар тозатарин гузориши Бонки урупоии бозсозӣ ва тавсеъа гуфта мешавад, ки таърифи нархи барқи масрафӣ дар Тоҷикистон бояд "батадриҷ ва бо гузашти замон мизонсозӣ шавад", вале ҳамзамон бар "ҳалли масоили иҷтимоъӣ" низ таъкид шудааст.
Ин бонк ба давлати Тоҷикистон тавсия дода, ки ҳамзамон бо афзоиши нархи нерӯи барқ манобеъе барои пойин овардани қимати он барои шаҳрвандони камнаво пайдо кунад.
Таҳлилгарони Бонки урупоии бозсозӣ ва тавсеъа дар бофтори "беҳинасозии таърифҳо дар бахши барқрасонӣ" бар зарурати шитобондани раванди навсозии сохтори ширкати "Барқи тоҷик" таъкид кардаанд.
Дар ин гузориш ҳамчунин бар афзоиши шаффофият дар умури тавлид, интиқол ва тавзеъи нерӯи барқ ҳам таъкид шудааст. Ин се бахш пас аз навсозии сохтори "Барқи тоҷик" аз ҳам ҷудо карда хоҳанд шуд.
Пештар хабар дода шуда буд, ки дар шаҳри Душанбе масрафи шабонарӯзии барқ аз торихи оғози гарморасонӣ ба сохтмонҳои маскунӣ ва иҷтимоъӣ 5 милюн кВт/соат камтар шуда ва ҳамакнун камобеш 10 милюн кВт/соатро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин аз аввали моҳи октябр қимати барқи масрафӣ дар Тоҷикистон барои бахши маскунӣ ва бунгоҳҳои санъатӣ ва тиҷорӣ ба дархости Бонки осиёии рушд афзоиш ёфта буд. Чунончи, қимати ҳар як кВт/соат барқи масрафӣ аз 14.6 дирам то 16.6 дирам гарон карда шуда буд.
Аз аввали моҳи октябр бунгоҳҳои тавлидӣ ва санъатии Тоҷикистон низ барои масрафи ҳар кВт/соат барқ 40,9 дирам пардохт мекунанд, дар ҳоле ки пештар 35,6 дирам пардохт мекарданд.