Хушхабар: Ширкати "Барқи тоҷик" телефонҳои боварии шабонарӯзӣ фаъол кард

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Барки Точик. Архивное фото
Здание Барки Точик. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ин восита сокинони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон метавонанд аз қатъ шудани барқ ва ё дигар мушкилиашон ба ширкат хабар диҳанд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" иттилоъ дод, ки аз 1-уми декабр ниҳод телефони боварӣ фаъол мекунад.

Гуфта мешавад, ба ин восита сокинони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон метавонанд аз мушкилии қатъ шудани барқ хабар диҳанд ва навбатдорон фаврӣ ин мушкилиро ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи Ширкат ва шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд.

"Ҷиҳати ислоҳи камбуди ҷойдошта дар таъминотибарқ сари вақт тадбирҳо андешида мешавад",- гуфта мешавад дар итилоия.

Инчунин ҳар як муштарии барқ метавонад тавассути ин телефонҳо бо ШСХК "Барқи Тоҷик" дар тамос шавад ва дар бораи ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки амалан ғорати як қисмати ҳаққи рўшноиву гармии тамоми ҷомеа аст, ба кормандони ширкат маълумот диҳад.

Ширкат рақамҳои зерро ба муштариён пешниҳод мекунад, ки дар тамос бошанд:

235-86-74; 235-86-84; 610-60-50

Лентаи хабарҳо
0