Додситониҳои кулли Тоҷикистон ва Белорус барномаи ҳамкориҳоро имзо карданд

© SputnikРахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва ҳайъати ҳамроҳ бо намояндагони Додситони кулли Ҷумҳурии Белорус дар шаҳри Минск дидор ва гуфтугӯ кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Юсуф Раҳмон ва Александр Конюк дар ин дидор раванду дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар заминаҳои қонунӣ ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар мубориза бо табаҳкорӣ ва фасод, пуштибонӣ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ баррасӣ карданд.

Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масоили ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд

Ба гузориши Маркази матбуотии Додситонии кулли ҶТ, ҳайъатҳои додситониҳои ду кишвар ҳамчунин роҳҳои мубодилаи таҷриба ва барномаи ҳамкорӣ миёни додситониҳои ду кишвар дар солҳои 2018 — 2019-ро баррасӣ карданд.

Дар поёни ин дидор Юсуф Раҳмон ва Александр Конюк барномаи ҳамкорӣ миёни додситониҳои кулли Тоҷикистон ва Белорус барои солҳои 2018 — 2019-ро имзо карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин ёвари Додситони кулли ҶТ Ҳотамбеков, сардори Идораи равобити байналмилалӣ Маҳмудзода, сардори Идораи назорати иҷрои қонунгузорӣ дар нақлиёт ва гумрук Юсуфӣ, додситони шаҳри Гулистон Абдуллозода ва сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодов ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0