Димедрол ва бетоншӯр: милиса "ошиқе"-ро дастгир кард, ки маъшуқашро кушт

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкТаблетки, архивное фото
Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марҷона донишҷӯи соли севуми Омӯзишгоҳи фаннии Созмони пуштибонӣ аз Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон буда ва чанд рӯз аз маргаш дар мусобиқаи тирандозӣ баранда шуда будааст

ДУШАНБЕ, 26 ноября — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон расман аз боздошти муттаҳам ба қатли Марҷона Шерхонова, сокини 20-солаи шаҳри Турсунзода, хабар дод.

Ба гузориши равобити умумии ВУД ҶТ, кормандони милиса 24-уми ноябр дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ марди 29-солае аз ноҳияи Восеъро ба иттиҳоми куштор дастгир кардаанд. 

"Муттаҳам рӯзи 14-уми ноябр дар худраваш, ки бетоншӯре аз мудели "Нов" аст, дар зарфи яклитрӣ 190 дона қурси димедролро бо об омехта карда, дасту пойи духтари 20-соларо баста, ба зӯр оби ин зарфро ба ӯ хӯронидааст. Дар натиҷа духтар дар дохили худрав ба ҳалокат расидааст", — гуфта мешавад дар гузориш.

Райцентр города Вахдат - Sputnik Тоҷикистон
ВУД ҶТ: марде дар шаҳри Ваҳдат ҳамсарашро оташ зад

Ба гузориши расонаҳо, ҷасади Марҷонаро 8 рӯз пас аз гум шуданаш аз ин худрави бетоншӯр дар наздикии бозори Балх дар ноҳияи Рудакӣ пайдо кардаанд. Марде, ки муттаҳам ба қатлаш мешавад, чанд бор ба хонаводааш занг задаву гуфта, ки ошиқаш аст.

Марҷона донишҷӯи соли севуми Омӯзишгоҳи фаннии Созмони пуштибонӣ аз Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон буда ва чанд рӯз аз маргаш дар мусобиқаи тирандозӣ баранда шуда будааст. 

Лентаи хабарҳо
0