ДУШАНБЕ, 26 ноября — Sputnik. Кормандони милиса дар шаҳри Ваҳдат дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ марди 47-солаеро ба иттиҳоми куштани ҳамсар дастгир карданд.
Ба иттилоъи равобити умумии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин мард 26-уми октябр дар паи ҷанҷоле, ки бо ҳамсари 44-солааш рух дода, ба сару рӯи вай бензинро пошидаву оташ задааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин оташсӯзӣ зан захмҳои ҷонкоҳ бардошта ва 31-уми октябр ҷонашро дар бемористон аз даст додааст.
Нерӯҳои интизомӣ барои бозҷӯии ин қазия аз рӯи моддаи 104 Қонуни ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз кардаанд. Бозҷӯӣ идома дорад.
Пештар хабар дода шуда буд, ки кормандони милиса марди 42-солаеро дар ноҳияи Ашт ба иттиҳоми падаркушӣ дастгир карданд.
Гуфта мешавад, ин мард шоми 21-уми ноябр дар манзили иқоматиашон бо падари 86-солааш муноқиша карда ва бо асо бар сари падараш задаву ӯро куштааст.