ДУШАНБЕ, 26 ноября — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии сафорати Белорус дар Тоҷикистон, ин корхона бо сармоягузории муштараки ду кишвар дар шаҳри Ҳисор дар 20 килуметрии ғарби Душанбе сохта шудааст.
Ҳамакнун сохтусози коргоҳи монтаж (1 100 метри мураббаъ) ба поён расида ва он оғоз ба кор кардааст. Куллан ин корхона дар масоҳати 1 600 метри мураббаъ сохта шуда ва дорои зарфияти монтажи 300 трактор дар сол аст.
"Дар марҳилаи оғозӣ дар ин корхона 50 адад трактор аз муделҳои "Белорус 80.1" ва "Белорус 82.1" монтаж карда мешавад ва ба тадриҷ зарфияти тавлидӣ аффзуда шуда то 300 адад ва бештар дар сол хоҳад расид", — гуфта мешавад дар иттилоъияи сафорати Белорус.
Яке аз вижагиҳои ин корхона ин аст, ки тракторсозӣ дар он "аз сифр" оғоз шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ин корхонаро дар феҳристи созаҳои муҳимми кишвар номнавис кардааст.
Сафорати Белорус ёдоварӣ кардааст, ки Тоҷикистон аз оғози сол то кунун беш аз 200 трактор аз ин кишвар харид кардааст. Чунончи, чанде пеш ширкати давлатии "Тоҷикагролизинг" аз Белорус тракторҳои МТЗ 82.1, МТЗ 80Х ва МТЗ 1025 харида буд.
Қарор аст, ки дар соли 2018 Белорус дар Тоҷикистон тавлиди корафзорҳои ядакии сохти ширкати "Бобруйскагромаш" ва даравгари сохти ширкати "Гомселмаш"-ро роҳандозӣ кунад. Ҳамчунин ду кишвар қарор додаанд, ки тавлиди корафзорҳои шаҳрӣ, оташнишонӣ ва худравҳои вижакори сохти ширкати "МАЗ"-ро низ дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин корхона беш аз 10 гуна корафзори худрав тавлид хоҳад шуд, ки дар бозорҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ фурӯхта хоҳанд шуд.
Дар ин корхона ҳамчунин давраҳои омодасозии коршиносони фаннӣ барои таъмиру корбурди корафзорҳои кишоварзии сохти Белорус низ роҳандозӣ карда мешавад.
Бунёду роҳандозии корхонаи тавлиди корафзорҳои кишоварзӣ дар Ҳисор имкон медиҳад, ки бунгоҳҳои кишоварзии Тоҷикистон ниёзашонро ба тракторҳои нерӯманд ва ҳамакора бароварда созад.
Бахши кишоварзии Тоҷикистон ба далели кӯҳна ва фарсуда шудани мошинолоти кишоварзӣ, ба шиддат ба навсозии таҷҳизот ниёз дорад, ки бо роҳандозии ин корхона заминаи таъмини ин навъ васоил фароҳам хоҳад шуд.
Ҳамчунин Вазорати санъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон умедвор аст, ки битавонад бахше аз ин тракторҳоро ба кишварҳои ҳамсоя содир кунад.