Тоҷикистон аз Белорус ва Чин тракторҳои ҳамакора харид

© Sputnik / Дмитрий Коробейников / Гузариш ба медиабонкБелорусские тракторы на выставке. Архивное фото
Белорусские тракторы на выставке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин тракторҳо дар чорчӯби қарордодҳои дуҷониба харида шуда ва ба ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон пешниҳод карда хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ширкти давлатии "Тоҷикагролизинг" аз Белорус ва Чин 72 трактори ҳамакора харид кардааст.

Ин ширкат аз Белорус тракторҳои МТЗ 82.1, МТЗ 80Х ва МТЗ 1025 ва аз Чин тракторҳои ЮТО 254, ЮТО 304, ЮТО 902 ва ЮТО 1302 харидааст.

Ин тракторҳо бархе чархдор ва бархе тасмачархдор буда, ҳамакора ҳастанд ва онҳоро метавон ҳам дар боғу токзор ва ҳам дар киштзор ба кор бурд.

Гуфта мешавад, ки ширкати "Тоҷикагролизинг" дар ҳашт моҳи имсол 98 трактори гуногун ва 140 дастгоҳ харид карда, ки 150 то аз онҳоро ба ширкатҳои кишоварзии бархе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар додааст.

Тракторҳои Белорус дар намоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Белорус бо маҳсулоти худ бозори Тоҷикистонро пур мекунад

Ҳамакнун дар 54 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон бунгоҳҳои хадамоти фаннии кишоварзӣ фаъол ҳастанд, ки 196 то корафзор ва 919 то дастгоҳ дар ихтиёр доранд.

Белорус низ хостори афзоиши хариду фурӯш ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои дармону пизишкӣ, кишоварзӣ ва санъатӣ, аз ҷумла саноеъи сабук ва хӯрокворӣ, аст. Аз колоҳое, ки Белорус мехоҳад ба Тоҷикистон содир кунад, худрезҳои БелАЗ ва тракторҳои "Белорус" ҳастанд, ки аз замони шуравӣ дар кишвар маъруфанд.

Лентаи хабарҳо
0