Ин чӣ шӯрест: писар падари 86-солаашро бо асояш кушт

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкРуки задержаного в наручниках, архивное фото
Руки задержаного в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як ҳодисаи нангини дигар хабар дод: писаре падарашро кушт

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милиса марди 42-солаи сокини ноҳияи Аштро бо гумони даст доштан дар куштори падар дастгир карданд.

Гуфта мешавад, ин мард шоми 21-уми ноябр дар манзили иқоматиашон бо падари 86-солааш муноқиша мекунад.

"Писар дар пайи ҷанҷол асои падарашро гирифта ба сараш мезанад", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар натиҷа пирамард бар замин афтида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шимоли Тоҷикистон як арӯси ҷавон бо хушдоман ҷанҷол карда, бо корд се зарба ба қафаси синааш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар роҳ ба бемористон ҷонашро аз даст додааст.

Лентаи хабарҳо
0