Милисае дар Суғд ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуд

© Пресс-служба КГБЗадержание преступника, архивное фото
Задержание преступника, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон як афсари баландпояи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба ҷурми ташкили гурӯҳ ва қочоқи маводи мухаддир боздошт кардаанд

ДУШАНБЕ, 26 ноября — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ин созмон, дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ  кормандони Раёсати Ожонс дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддирро дар ҳудуди ин вилоят ошкор кардаанд.

Бино бар ин гузориш, Муҳаммад Шарифов ном шаҳрванд аз ноҳияи Масчо бо ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШВКД ҶТ дар вилояти Суғд Руслан Шарипов аз шаҳри Хуҷанд ҳамдаст шуда ва маводи мухаддир қочоқ мекардаанд.

Собрание ПИВТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД Тоҷикистон аз боздошти 6 тан аз фаъолони ҲНИТ дар Урупо хабар дод

Кормандони Ожонс ин ду табаҳкорро 22 ноябр ҳангоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда аз онҳо ба миқдори 34 килуграму  759 грам афюн ва 47 килуграму  157 грам ҳашиш, ки ҷамъан 81 килуграму  916 грамро ташкил медиҳад, ёфта ва мусодира кардаанд.

"Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбат ба  Шарифов Муҳаммад Шарифович ва Шарипов Руслан Алимович бо моддаи 200,  қисми 4 банди «д»-и  Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида,  тафтишоти пешакӣ идома дорад", — гуфта мешавад дар иттилоиъя.

Лентаи хабарҳо
0