ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар арафаи 25-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон 622 нафар соҳиби шаҳрвандӣ мегарданд.
Нафароне, ки аз кишварҳои гуногун дар қаламрави Қазоқистон ба сар мебаранд, дар арафаи ҷашни истиқлолият, ки моҳи декабр таҷлил мешавад, соҳиби шаҳрвандӣ мегарданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба хадамоти матбуоти прездиенти ҶҚ.
"Мо дар арафаи 25-солагии истиқлолияти кишвар шаҳрвандони навро хушомадед мегӯем ва барояшони зиндагии хушбахтона ва фаъолияти бо муваффақиятро таманно дорем. Боварӣ дорам, ки онҳо шаҳрвандони баномуси кишвар шуда, дар оянда саҳми худро дар ободонии Қазоқистон хоҳанд гузошт",-қайд кард муовини котиби давлатии Қазоқистон Гулшара Абдикаликова зимни ҷаласа оид ба масоили шаҳрвандӣ.
Мувофиқи маълумот баъди ба имзо расидани қарори мазкур аз ҷониби президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 622 нафар соҳиби шаҳрвандии Қазоқистон мешаванд.
Абдикаликова қайд кард, ки аз давраи соҳибистиқлолии кишвар шумораи хоҳишмандони гирифтани шаҳрвандии Қазоқистон ҳамоно дар афзоиш аст. Ба қавли ӯ ин раванд аз суботи иқтисодию иҷтимоӣ ва инкишофи устувори кишвар шаҳодат медиҳад.