Рӯзи Парчамро дар Душанбе бо марафони дучархасаворӣ ва дави миллӣ ҷашн мегиранд

© SputnikНациональный день бега в Душанбе
Национальный день бега в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марафони дучархасаворӣ ва дави миллӣ аз гардиши майдони Товус то Наврӯзгоҳ дар масофаи 3,5 км аз соати 12:00 то 14:00 баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе, Федеросюни футболи Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин барномаи ҳамагонии варзишӣ баргузор мекунад.

Бино ба иттилоъи равобити умумии ин Кумита, қарор аст 24 ноябр барномаҳои варзишие чун машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, марафони дучархасаворӣ ва дави миллӣ дар шаҳри Душанбе бо шиъори "Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистонам" баргузор шаванд.

Ҳадаф аз баргузории ин барномаҳо таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду тавсеъаи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ арзёбӣ гардида, сокинон метавонад дар машқҳои паҳогирӯзӣ, ки аз соати 6:30 то 7:30 дар саҳни шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор мегардад ширкат намоянд.

Марафони дучархасаворӣ ва дави миллӣ аз гардиши майдони Товус то Наврӯзгоҳ дар масофаи 3,5 км аз соати 12:00 то 14:00 баргузор мешавад.

Кумитаи умури ҷавонону варзиш аз шаҳрвандон даъват карда дар ин барномаҳо фаъолона ширкат кунанд.

"Ширкати фаъолонаи Шумо дар ин барномаҳо гувоҳ бар арҷгузории Шумо ба ин муқаддасоти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад", — гуфта шуда дар иттилоъияи Кумитаи варзишу ҷавонон.

Лентаи хабарҳо
0