Валиаҳди Арабистони Саудӣ раҳбари Эронро "Гитлер" номид

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкДуховный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи. Архивное фото.
Духовный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаиро "Гитлери наве дар Ховари Миёна" номид

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Эрон, Муҳаммад ибни Салмон дар мусоҳиба бо рӯзномаи "New York Times" гуфтааст:

"Мо бо таваҷҷуҳ ба намунаи Урупо медонем, ки сиёсати ором кардан муассир набудааст. Мо намехоҳем, ки Гитлери нав дар Эрон иттифоқоти рухдода дар Урупоро такрор кунад".

Валиаҳди Арабистони Саудӣ пеш аз ин Эронро муттаҳам ба таҳвили мушак ба нерӯҳои ҳусӣ дар Яман ва ба ин васила "таҷовузи низомии мустақим ба Арабистон" карда буд.

Представители высших государственных чинов королевства Саудовская Аравия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти ёздаҳ шоҳзода ба иттиҳоми фасод дар Арабистони Саудӣ

Теҳрон даст доштанаш дар ҳамлаи мушакии нерӯҳои ҳусӣ бар Арабистонро инкор мекунад ва аз худ хештандорӣ нишон медиҳад.

Чунончи, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ гуфта, ки Эрон дар баробари рӯйкарди душманонаи Арабистони Саудӣ ҳамчунон ба хештандорӣ идома медиҳад, "зеро намехоҳад вориди муқобилаи мустақим бо саудиҳо шавад".

"Аммо ба онҳо тавсия мекунем даст аз ин корҳо бардоранд, зеро бо қарор гирифтан дар ҷабҳаи муқобили Эрон пайомади иқдомоташонро хоҳанд дид", — таъкид кардааст вай.

Ҷаъфарӣ ҳамчунин афзуда, ки ҳокимияти ДОИШ дар минтақа нобуд шудааст, аммо аъзои он ба сурати гурӯҳҳои чирикӣ ва зерзаминӣ дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Афғонистон ҳузур доранд, аз ин рӯ, муқобила бо тавтеаҳои онҳо дар дастури кори Сипоҳи посдорон қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0