ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Муовини фармондеҳи нерӯҳои заминии Ситоди марказии Артиши Амрико сипаҳбад Теренс Мак Кенрик бо сафаре серӯза аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.
Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, фармондеҳи амрикоӣ қарор аст 27 — 29 ноябр дар шаҳри Душанбе хоҳад буд ва бо масъулининизомӣ ва дифоъии Тоҷикистон дидор хоҳад кард.
Эҳтимол меравад, ки дар ин дидорҳо афзун бар масоили ҳамкории низомии Тоҷикистон ва Амрико, ҳамчунин вазъ дар Афғонистон низ баррасӣ шавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрел фармондеҳи Ситоди Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико артишбад Ҷозеф Вотел ба Тоҷикистон сафар карда буд.
Вай дар дидор бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон вазъу дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Амрико дар заминаҳои низомӣ ва саноъеи низомиро баррасӣ кард.
Ниҳодҳои низомии Тоҷикистон ва Амрико дар чорчӯби барномаҳои "Пуштибонии байналмилалии молӣ", "Ибтикори ҷаҳонии сулҳофарӣ", "Омӯзиши низомӣ", "Мубориза бо теруризми байнулмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир" ҳамкорӣ мекунанд.