ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар поёни ин ҳафта ҳаво дар Тоҷикистон сард хоҳад шуд, пешбинӣ кардааст Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон.
"Бино бар додаҳои Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, аз 26 то 27-уми ноябри соли 2017 дар қаламрави кишвар ҳаво номусоид шуда, дар бархе аз ноҳияҳои куҳистонӣ бориши борону тарбарф ва вазиши бод ба шиддати 13 — 18 метр дар сония пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо то +5 дараҷа сард шуда ва рӯзона 10 — 12 дараҷа гарм хоҳад шуд", — гуфтаанд ҳавошиносон.
Кумитаи авзоъи изтирорӣ ва дифоъи мадании Тоҷикистон дар паи сард шудани ҳаво шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро ҳушдор дода, ки роҳҳо ях баста ва лағжон хоҳанд шуд ва эҳтимол дорад, ки аз барфу бод хаттҳои интиқоли барқ канда ва шохҳои дарахтҳо шикаста шаванд.
Кумита ҳамчунин аз мардум дархост карда, ки дар ин рӯзҳо бе зарурат дар роҳҳои кӯҳистонӣ ҳаракат накунанд, аз корҳои кишоварзӣ, чаро додани гову гӯсфанд, ҳезумчинӣ дар кӯҳсорҳо худдорӣ кунанд.