Бо дастури вазири мудофиаи Русия ба воситаи чархбол пизишкони низомӣ шаҳрванди Русия Светлана Рубсоваро ба бемористони низомии ба номи Вишневскии Москва барои дармон оварданд.
Светлана Рубсова дар шаҳри Норак ба ҳайси омӯзгори забони русӣ фаъолият мекардааст. Моҳе пеш устухони рони зан мешиканад, ки пизишкон табобати онро мушкил арзёбӣ карданд.
"Ман дар шаҳри низомиён кор мекардам ва ба фарзандони низомиён дарс мегуфтам",- мегӯяд зан.