Куреиҳо дар бораи Мирзиёев китоб навиштанд

CC BY-SA 2.0 / Republic of Korea / Korea_Uzbekistan_Business_Forum_08Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев в Южной Корее
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев в Южной Корее - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Куреи Ҷанубӣ китоби "Раиси Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев" рӯнамоӣ шуд, ки ба забони куреӣ навишта шудааст

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар Куреи Ҷанубӣ дар бораи як соли раёсати Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Узбакистон китоб навиштанд.

Муаллифи китоб рӯзноманигори машҳури куреӣ Чо Чол Хён аст, ки ҳамзабон ба сохтани филмҳои мустанад низ маъруф будааст.

Китоб аз 320 саҳфа иборат буда,  50 ҳазор нусха мунташир шудааст. Тадқиқот аз ҳашт боб иборат аст ва бо аксҳо ороиш дода шудааст.

Книга Э. Рахмона Таджики в зеркале истории на французском языке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Китобҳои раисҷумҳур Раҳмонро аз радио ҳам пахш мекунанд

Дар китоби "Раиси Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев" муфассал дар бораи фаъолияти Шавкат Мирзиёев пас аз расидан ба сари қудрат нақл мешавад ва иқтибосҳо аз суханрониҳои ӯ дар маросимҳои байналмилалӣ оварда мешавад.

Як боби китоб махсус ба сиёсати хориҷии раисҷумҳур бахшида шудааст. Гуфта мешавад, Шавкат Мирзиёев баъди таъин шуданаш ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Узбакистон ва интихоб шуданаш ба раёсати Ҷумҳурии Узбакистон  ба ҳамкориҳои минтақаӣ такони дигар бахшид ва муносибатҳои Узбакистонро бо ҳамсоягонаш ба сатҳи беҳтар баровард.

Ҳамчунин дар бораи сафару дидор ва мулоқотҳои Мирзиёв дар соли гузашта бо сарони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои хориҷии бонуфуз маълумот дода шудааст.

Муаллифи китоб аз муносибатҳои Узбакистону Куреи Ҷанубӣ низ ба таври муфассал ёдовар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0