ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 16-21 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.