ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон пардрохти нафақа ба 3,5 маъюб муваққатан қатъ гардид, хабар медиҳад ТоҷикТА.
"Мутобиқи фармонҳои якҷояи Ожонси бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ ва бонки давлатии "Амонатбонк" пардохти ҳаққи бознишатагӣ ба 3580 нафар муваққатан бозистонда шуд", — омадааст дар хабар.
Қайд карда мешавад, ки ин бознишастагони маъюб барои барқарор кардани ҳуқуқи дарёфти нафақа бояд бори дигар аз ташхиси тиббӣ гузаранд.
Дар кишвар дар кулл 147 ҳазор нафар нафақаи иҷтимоии маъюбӣ дарёфт мекунанд.
Пештар хабар дода шуд, ки Русия шартномаи пардохти ҳаққи бознишастагии муҳоҷирони тоҷикро омода мекунад.
Шартнома дар бораи додани ҳаққи бознишастагӣ ба муҳоҷирон аз Озарбойҷон, Молдова ва Тоҷикистон дар асоси принсипи нисбият омода хоҳад шуд.