Наталя Власова ном бознишастае аз вилояти Воронеж дар бозии лотерея бурди бесобиқа-506 миллион рубл ба даст овард.
"Ман нафақахӯр ҳастам. Пештар пирожки пухта мефурӯхтам. Зеро бо як нафақа зиндагӣ кардан ғайримкон аст",- мегӯяд вай.
Ба гуфтаи вай, дар аввал худ нафаҳмидааст, ки толеъ ба рӯяш хандидааст. Пас аз ҳафтае, ки ҳама ин бурди калонро баҳс мекарданд, нафақахӯр мефаҳмад, ки ин миқдор маблағро вай бурд кардааст.
Ҳоло ин зан худ намедонад, ки ин маблағи калонро чӣ кор мекунад.