ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Кормандони ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд мудири Маркази омӯзиши такмилии шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшанро дар паи баргузории амалиёти бозҷуст дастгир кардаанд.
Ба гузориши Дафтари иттилоърасонии ВКД ҶТ, ин марди 47-сола аз 1 апрели соли 2015 то кунун беш аз 25 ҳазор сомониро, ки барои таъмири мактабҳои шаҳр ҷудо шуда буд, дуздидаву барои бароварда сохтани ниёзҳои худ харҷ кардааст.
Кормандони милиса барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш кормандони пешини яке аз шуъбаҳои "Тоҷпромбонк" ба ҷурми дуздидани пасандозу супурдаҳои муштариён маҳкум ба зиндон шуда буданд.
Додгоҳи ноҳияи Сино мудири пешини шуъбаи "Тоҷпромбонк" дар ноҳияи Шаҳринав, сарҳисобдор, сандуқдор ва ду коршиноси калони онро ба ҷурми дуздидани пасандозу супурдаҳои муштариён маҳкум ба зиндон кард.
Ба гузориши Додситонии кулли ҶТ, онҳо муттаҳам ба дуздидану хешонидани 188 ҳазор дулори амрикоӣ, 95 182 сомонӣ ва 278 738 рубли русӣ пасандозу супурдаҳои муштариёни "Тоҷпромбонк" шудаву ҷурмашон собит шудааст.
Бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Сино аз 13 сентябр мудири пешин шуъба Қурбонов маҳкум ба 16 сол зиндонӣ шуд. Сарҳисобдор Ғафуров 12 сол, сандуқдор Ҳодиев ва коршинос Сафаров 9 солӣ ва коршинос Тешаева 8 солу 6 моҳро дар зиндон аз сар хоҳанд гузаронд.