ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад.
Ба гузориши манбаъ, дар бораи ҳодисаи дуздӣ ба мақоомти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи сарбанд, зани 32-солаи сокини деҳаи Меҳрободи ноҳия хабар додааст.
Ба гуфти ӯ рӯзи 29 ба 30-юми октябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 12500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 28-солаи сокини ноҳияи Бохтар, омӯзгори яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Сарбандро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд", — омадааст дар хабарнома.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.