"Тоҷик Эйр" парвозҳо ба Чинро аз сар мегирад

Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" парвозҳо дар масири Душанбе - Урумчӣ - Душанберо дубора оғоз мекунад

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ин парвозҳо аз 21 декабр дубора роҳандозӣ хоҳанд шуд, гуфт сухангӯи ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр". 

Ба гуфти Азиз Хайруллоев, парвозҳо дар масири Душанбе — Урумчӣ — Душанбе ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе бо ҳавопаймои "Боинг 737" анҷом дода хоҳанд шуд.

"Ширкат тасмим гирифта теъдоди парвозҳоро бештар кунад ва дар ин замина корҳои муқаддамотиро анҷом медиҳад. Густариши масири парвозҳои ширкати "Тоҷик Эйр" барои рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷ ва вуруди гардишгарони хориҷӣ ба кишвар мусоидат хоҳад кард", — гуфт.

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Тоҷик Эйр" парвозҳоро аз Душанбе ба Сургут барқарор мекунад

Ёдоварӣ мекунем, ки ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ҳамакнун аз Душанбе ба шаҳрҳои Алмаато, Бишкек,  Деҳлӣ, Теҳрон, Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Сургут парвозҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад.

Ин ширкат ҳамчунин ба Хуҷанду Хоруғ низ парвозҳои дохилӣ анҷом медиҳад.

Чанде пеш ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ҳам хабар дода буд, ки парвозҳо аз Душанбе ба Сургутро дубора оғоз мекунад.

Парвозҳо дар ин масир 3-уми декабр аз сар гирифта хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0