"Тоҷик Эйр" парвозҳоро аз Душанбе ба Сургут барқарор мекунад

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии " Тоҷик Эйр"Самолет авиакомпании "Таджик Эйр", архивное фото
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвозҳо дар ду ҳафта як маротиба сурат хоҳанд гирифт. Арзиши билет 1856 сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ширкати ҳавоии "Сомон-Эйр" хабар медиҳад, ки парвозҳо аз Душанбе ба Сургут барқарор шудаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, парвозҳо шуруъ аз 3-уми декабр аз шаҳри Душанбе ба Сургут сурат хоҳанд гирифт.

Самолет Сомон Эйр с Дильшодом Назаровым на борту приземлился в аэропорту Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон
“Сомон Эйр” дубора соҳиби сертификати байналмилалии IOSA шуд

Гуфта мешавад, парвозҳо дар ду ҳафта як маротиба рӯзҳои якшанбе сурат мегиранд. Арзиши билет 1856 сомонӣ будааст.

Пештар хабар дода шуд, ки ширкати ҳавоии "Ямал" аз иҷозатномаи парвозҳои мунтазами ширкат аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе ва Хуҷанд маҳрум шудааст.

Бино ба гузоришҳо, далели аз даст додани иҷозатнома — "иҷро накардани ҷадвали парвозҳо дар як мавсими муайянкардаи Анҷумани байналмилалии таробарии ҳавоӣ (IATA) будааст, ки барои иҷрои он иҷоза гирифта шуда буд".

Илова бар ин ширкат аз иҷозатномаи парвоз ба шаҳрзҳои Ош, Бишкек, Прага ва Остона низ маҳрум шудааст.

Лентаи хабарҳо
0